ИМЗОИ СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРӢ БАЙНИ ТОҶИКИСТОНУ ПОКИСТОН
Душанбе, 30 апрел. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Рӯзи 29 апрели соли равон дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии дуҷонибаи ҳайати вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор гашт. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, аз ҷониби вазирони корҳои дохилӣ ҷаноби Абдурраҳмон Малик Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Абдураҳим Қаҳҳоров Протоколи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Покистон дар мубориза бо ҷинояткорӣ ба имзо расид. Санади ба имзорасида ҳамкориро дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои созмонёфтаи трансмиллӣ, терроризм, экстремизми динӣ, қочоқи осори ҳунарӣ ва мероси фарҳангӣ, коҷоқи аслиҳа ва маводи тарканда, табодули маълумот оиди кофтукови шахсоне, ки аз кофтукови ҷиноӣ ё ин, ки иҷрои ҷазо паноҳ мебаранд, инчунин шахсоне, ки бе ному нишон гумм шудаанд ва боз чанд масъалаҳои муҳиме, ки дар кори мубориза бар ҷинояткорӣ таъсири мусбӣ мерасонанд, ба танзим медарорад. Бояд қайд намуд, ки сафари расмии вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷаноби Абдурраҳмон Малик барои таҳкими фаъолияти муштараки мақомоти дохилаи ҳар ду кишвар мусоидат мекунад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






