ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ПОЙТАХТ

Апрель 15, 2010 10:54

Душанбе, 15 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ҷиҳати истиқболи сазовори  Рӯзи пойтахт дар шаҳри Душанбе 10 иншооти ҷашнӣ ба маблағи 21, 4 миллион сомонӣ ба  истифода дода мешавад. Ин иншоотҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷавию соҳибкорӣ сохта шудаанд.  Аз ҷумла,  аз ҳисоби маблағҳои буҷаи шаҳр дар маҳаллаи «Равшангарон», ки ғолиби озмуни «Маҳаллаи беҳтарини шаҳри Душанбе-соли 2008» аст,  Маркази ҷамъиятии иборат аз се ошёна ба маблағӣ 1,8 миллион сомонӣ ба истифода дода мешавад. Он дорои  толори тӯйгузаронӣ, ошхона, утоқҳои истироҳатию машваратӣ, нозири минтақавии корҳои дохилӣ, шӯъбаи бонки амонатгузорӣ, бунгоҳи тиббӣ,  Интернет-кафе, сартарошхона, дӯкони таъмири соату пойафзол, кошонаи ҳусн ва дигар намуди хизматрасониҳо барои 200 ҷой мебошад. Инчунин, дар ҳудуди мактаби №28 ба  маблағӣ 4 миллион сомонӣ бинои иловагии дорои 640 ҷойи нишаст ба истифода дода мешавад. Аз ҳисоби соҳибкорони пойтахт бошад,  хонаи истиқоматии бисёрошёнаи 72 квартирадор, воқеъ дар кӯчаи Айнӣ, хонаи истиқоматии 5-ошёна дар маҳаллаи Зарафшон,  азнавсозии пешайвон ва анҷомхона бо табдилдиҳии онҳо ба манзили истиқоматии 5-ошёнаи бисёрквартирадор, дар кӯчаи М.Қурбонов, азнавсозии хобгоҳи хусусигардонидашуда, воқеъ дар кӯчаи Н.Қарабоев, 63/3«б» бо табдил додани он ба хонаи истиқоматии бисёрҳуҷрадор  ва Маркази маишиву хизматрасонии муосир дар кӯчаи М.Шерализода дар маҷмӯъ ба маблағи 11,2 млн сомонӣ ба масоҳати беш аз 15 ҳазор метри мураббаъ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.  

Апрель 15, 2010 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд