ИШТИРОКИ НАВОЗАНДАГОНИ ИДМ ДАР ФЕСТИВАЛИ ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 28 апрел. (АМИТ «Ховар» Мавзуна Бойева).- Аз 13 то 17 май дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилали мусиқии касбии «Баҳористон» баргузор мегардад. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов хабар доданд, фестивали мазкур бо ташаббуси Вазорати фарҳанги ҶТ ва Институти «Ҷомеаи кушод»-и Бунёди мадади Тоҷикистон гузаронида мешавад. Дар фестивали мазкур навозандагон аз давлатҳои Қирғизистон, Қазоқистон, шаҳрҳои Челябинск, Новосибирск ва Москваи Федератсия Россия иштирок менамоянд. Айни ҳол дастаи навозандагони тоҷик дар арафаи омодагӣ ба баргузор намудани ин ҷашнвораи бонуфузи байналмилали мазкур мебошанд. Бинобар иттилои манбаъ фестивали «Баҳористон» ба ҳукми анъана даромада, ҳамасола гузаронида мешавад. Имсол фестивал ба 200 – солагии композиторони барҷаста Шуман ва Шопен бахшида мешавад.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






