ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ИНТЕРНЕТ БЕШ АЗ 500 000 НАФАР

Апрель 27, 2010 14:31

Душанбе, 27 апрел. (АМИТ «Ховар» Мавзуна Бойева).- Дар давраи ҳисоботӣ тавассути ҳамаи намудҳои нақлиёт ҳаҷми боркашонӣ ба андозаи 3 миллиону 357 ҳазор тонна ва ҳаҷми мусофирбарӣ ба миқдори 35 млн. 351 ҳазор мусофир таъмин гардид, ки  нисбат ба хамин давраи соли гузашта мутаносибан 75,5 ва 100,1 фоизро ташкил медиҳанд, гуфт дар нишасти матбуоти вазири нақлиёт ва коммуникатсия Ҷумҳурии Тоҷикистон Олим Бобоев 27 апарели соли 2010. Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки иҷроиши боркашонӣ нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда тавассути нақлиёти автомобили 101,0 фоиз, нақлиёт роҳи оҳан 68 фоиз, нақлиёт ҳавои 137 фоиз, мусофирбарӣ бо нақлиёти автомобилӣ 100,2 фоиз, роҳи оҳан 75,7 фоиз ва ҳавопаймоҳоӣ 110,4 таъмин гардидааст. Аз ҷумла, тавассути нақлиёти автомобилӣ аз 12 давлати хориҷи дур ва 11 давлати Иттиҳоди давлатҳои мустақил тавассути 4 ҳазор 491 автомобил, 66,1 ҳазор тонна бор ва 16,1 ҳазор мусофир ворид гардида, тавассути 5 ҳазор 864 автомобил, 29,5 ҳазор тонна бор ва 16,4 ҳазор мусофир содир  карда шуда, тариқи 3 ҳазору 932 адад автомобил 52,5 ҳазор тонна бор ва 67 ҳазор мусофир гузариши транзитӣ кардаанд.  Фарогирии алоқаи барқи дар ҷумҳурӣ  4,6 муштарӣ ба 100 нафар аҳолии мамлакат ва фарогирии алоқаи мобили 68,1 муштарӣ ба 100  нафар аҳолии мамлакат рост меояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда ин нишондодҳои мутаносибан  99,5% ва 130%-ро ташкил медиҳад. Миқдори истифодабарандагони фаъоли шабакаи интернет дар ин давра бо назардошти истифодабарандагони хизмати интернетӣ тариқи пайвасти бесим 506 ҳазору 90 нафарро ташкил медиҳад. О.Бобоев, қайд кард, ки хадамоти  давлатии назорат ва танзим дар соҳаи алоқа ва итилоотонӣ бошад, дар ин муддат ба маблағи 3 миллону 320 ҳазору 595 сомонӣ аз ҳисоби  иҷозатномадиҳи, ҷаримабандӣ ва дигар чорабиниҳои марбута ба буҷаи ҷумҳурӣ ворид намудааст.

Апрель 27, 2010 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд