КӮМАКИ ХАЙРИЯ БА ХОНА-ИНТЕРНАТҲО

Апрель 21, 2010 15:58

Душанбе,  21 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-   Бино ба маълумоти Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои   давлатии хона-интернатҳо 1496 нафар бошандагон зиндагӣ мекунанд, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ бо хӯроки гарм, сару либос, ҷои хоб хизматрасонии иҷтимоӣ  ва тиббӣ таъмин мегарданд. Илова бар ин, 20 нафар кӯдакони  маъюб  бо волидайнашон дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии тавонбахшии Чорбоғ» ба мӯҳлати 21 рӯз табобат ва маслиҳат мегиранд. Бо мақсади беҳтар намудани хизматрасонии иҷтимоии маъюбон  барои муассисаҳои  давлатии хона-интернатҳо ва истироҳатгоҳҳо дар се моҳи соли ҷорӣ аз буҷети ҷумҳурӣ тибқи нақша 3 588 785 сомонӣ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба семоҳаи аввали соли 2009    1 229 468 сомонӣ  зиёд буда, то имрӯз пурра маблағгузорӣ шудаанд. Бояд қайд намуд, ки илова бар маблағҳои ҷудогардида, аз ҷониби вазорату  идораҳо  новобаста аз шакли моликият ва шахсони алоҳида ба маблағи 331457 сомонӣ кӯмаки хайрия ворид гардидааст.

Апрель 21, 2010 15:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд