КАДОМ НОҲИЯҲО НАҚШАИ АНДОЗРО ИҶРО НАКАРДАНД?

Апрель 26, 2010 16:21

Душанбе, 26 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар   давоми се моҳи аввали соли равон нақшаи андозҳо ва дигар    пардохтҳои    ҳатмӣ ба   андозаи    108,4% таъмин гардид   ва  ба ҷойи   569,8 млн. сомонии пешбинишуда  ба буҷет, бо  назардошти   андози    иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 617,9 млн.  сомонӣ   ворид   карда  шуд,  ки  нисбат  ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 48,1 млн. сомонӣ   зиёд аст. Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусаратулло Давлатов 26 апрел зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки воридоти    маблағҳо дар семоҳаи якум нисбат ба   маблағҳои дар ҳамин    давраи   соли   гузашта воқеан  ҷамъ гардида, ба андозаи   140,8 млн.  сомонӣ  ё 29,5% зиёд   мебошад. «Дар баробари ин, дар ин давра иҷрои нақшаи андози   аксизӣ ҳамагӣ 88%,  роялти барои об — 40,1%, андоз аз  истифодабарандагони  роҳҳои  автомобилгард — 97%  ва андоз  аз маҳсулоти    коркарди   молҳо — 88% таъмин  гардид, ки бо ин сабаб  ба буҷет 7,7 млн.  сомонӣ  камтар маблағ ворид шуд», — тазаккур дод Н. Давлатов. Инчунин, дар давраи ҳисоботи иҷрои нақшаи буҷети  давлатӣ дар ноҳияҳои Роштқалъа  -91,3%, Мурғоб-95,1%, Вахш -91,1%, Панҷ-92,1%, Фархор-90,8% ва Мастчоҳ – 95,5% таъмин карда шуд, ки аз фаъолиятисусти мақомоти андоз гувоҳӣ медиҳад.

Апрель 26, 2010 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад