КАДОМ НОҲИЯҲО НАҚШАИ АНДОЗРО ИҶРО НАКАРДАНД?
Душанбе, 26 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар давоми се моҳи аввали соли равон нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 108,4% таъмин гардид ва ба ҷойи 569,8 млн. сомонии пешбинишуда ба буҷет, бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 617,9 млн. сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 48,1 млн. сомонӣ зиёд аст. Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусаратулло Давлатов 26 апрел зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки воридоти маблағҳо дар семоҳаи якум нисбат ба маблағҳои дар ҳамин давраи соли гузашта воқеан ҷамъ гардида, ба андозаи 140,8 млн. сомонӣ ё 29,5% зиёд мебошад. «Дар баробари ин, дар ин давра иҷрои нақшаи андози аксизӣ ҳамагӣ 88%, роялти барои об — 40,1%, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард — 97% ва андоз аз маҳсулоти коркарди молҳо — 88% таъмин гардид, ки бо ин сабаб ба буҷет 7,7 млн. сомонӣ камтар маблағ ворид шуд», — тазаккур дод Н. Давлатов. Инчунин, дар давраи ҳисоботи иҷрои нақшаи буҷети давлатӣ дар ноҳияҳои Роштқалъа -91,3%, Мурғоб-95,1%, Вахш -91,1%, Панҷ-92,1%, Фархор-90,8% ва Мастчоҳ – 95,5% таъмин карда шуд, ки аз фаъолиятисусти мақомоти андоз гувоҳӣ медиҳад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






