КАМБИЗОАТОН ҲАМ МЕХАНДАНД
Душанбе, 2 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи супориши шаҳрдори шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, рӯйхати фарзандони оилаҳои камбизоат дар чор ноҳияи шаҳр аз ҷониби раисони он аниқ карда мешавад. Мақсад аз барӯйхатгирии фарзандони оилаҳои камбизоат ташкил намудани тӯи арӯсу домодӣ ва хатнатӯйи фарзандони ин оилаҳо аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он мебошад. Ба гуфти роҳбарияти шӯъбаи фарҳанги шаҳр, тӯйҳои мазкур аз ҷониби шӯъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи дастгоҳи раиси шаҳр бо нақлиёт ва аз ҷониби шӯъбаи фарҳанг бо дастаҳои ҳунарӣ барои ба тарзи ройгон гузаронидани базми хатнасур ва тӯйи арӯсу домодӣ таъмин карда мешаванд. Боис ба ёдоварист, ки аз 17 то 27 – уми марти соли ҷорӣ дар Маркази равобити «Пойтахт» хатнасури 380 фарзандони оилаҳои камбизоати шаҳр бо шукӯҳу шаҳомат барпо гардид. Оилаҳои камбизоат аз ин иқдоми раиси шаҳр хеле миннатдоранд.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






