КАМБИЗОАТОН ҲАМ МЕХАНДАНД

Апрель 2, 2010 08:49

Душанбе, 2 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-  Тибқи супориши шаҳрдори шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, рӯйхати фарзандони  оилаҳои камбизоат дар чор ноҳияи шаҳр аз ҷониби раисони он аниқ карда мешавад. Мақсад аз барӯйхатгирии фарзандони оилаҳои камбизоат ташкил намудани тӯи арӯсу домодӣ ва хатнатӯйи фарзандони ин оилаҳо    аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он мебошад. Ба гуфти роҳбарияти шӯъбаи фарҳанги шаҳр, тӯйҳои мазкур аз ҷониби шӯъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи дастгоҳи раиси шаҳр бо нақлиёт ва аз ҷониби шӯъбаи фарҳанг бо дастаҳои ҳунарӣ барои  ба тарзи ройгон гузаронидани базми хатнасур ва тӯйи арӯсу домодӣ таъмин карда мешаванд. Боис ба ёдоварист, ки аз 17 то 27 – уми марти соли ҷорӣ дар Маркази равобити «Пойтахт» хатнасури 380 фарзандони оилаҳои камбизоати шаҳр бо шукӯҳу шаҳомат барпо гардид. Оилаҳои камбизоат аз ин иқдоми раиси шаҳр хеле миннатдоранд.

Апрель 2, 2010 08:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд