КОМИССАР ЗАБОНИ ЛӮЛИЁНРО ЁФТ

Апрель 22, 2010 10:14

Душанбе, 22 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар 2 ҷамоати деҳоти ноҳияи Восеъ бештар аз 2 ҳазор оилаҳои лӯлиён зиндагӣ мекунанд, вале то замони мустақилияти ҷумҳурӣ  ягон лӯлӣ ба сафи армия ба хизмат даъват намешуд. Аз баски лӯлиён шиноснома надоранд ва дар қайди ҷойи зист ба ҷойи писар духтар мегузаранд, даъваташон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ мушкилот меорад. Ба гуфти сардори Комиссариати ҳарбии ноҳияи Восеъ Зубайдулло Абдуллоев, бо даъвати навбатӣ, ки аз 1- уми апрели соли ҷорӣ оғоз ёфтааст, чанд вақт кормандон миёни лӯлиҳо тарғибу ташвиқи хизмат ба ватанро ба роҳ монданд. Он натиҷаи хуб дод, лӯлиён худашон розӣ шуданд, ки барои хизмат ба комиссариати ноҳия ҳозир шаванд. Талаби лӯлиҳо ин аст, ки онҳоро барои хизмати ҳарбӣ танҳо ба пойтахт фиристанд. Комиссариати ҳарбии ноҳияи Восеъ бори аввал 40 нафар лӯлиёни ду ҷамоати ноҳияи  Восеъро ба сафи қувваҳои мусаллаҳ даъват кардааст. Агар  лӯлиёни даватшаванда хизматро бе қонуншиканӣ анҷом диҳанд, минбаъд ҳамаи онҳо соҳиби шиноснома ва ҷойи қайди доимӣ гардида,  баробари дигар шаҳрвандони Тоҷикистон ба хизмати аскарӣ гирифта мешаванд, — иброз дошт З. Абдуллоев.

Апрель 22, 2010 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд