КОМИССАР ЗАБОНИ ЛӮЛИЁНРО ЁФТ
Душанбе, 22 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар 2 ҷамоати деҳоти ноҳияи Восеъ бештар аз 2 ҳазор оилаҳои лӯлиён зиндагӣ мекунанд, вале то замони мустақилияти ҷумҳурӣ ягон лӯлӣ ба сафи армия ба хизмат даъват намешуд. Аз баски лӯлиён шиноснома надоранд ва дар қайди ҷойи зист ба ҷойи писар духтар мегузаранд, даъваташон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ мушкилот меорад. Ба гуфти сардори Комиссариати ҳарбии ноҳияи Восеъ Зубайдулло Абдуллоев, бо даъвати навбатӣ, ки аз 1- уми апрели соли ҷорӣ оғоз ёфтааст, чанд вақт кормандон миёни лӯлиҳо тарғибу ташвиқи хизмат ба ватанро ба роҳ монданд. Он натиҷаи хуб дод, лӯлиён худашон розӣ шуданд, ки барои хизмат ба комиссариати ноҳия ҳозир шаванд. Талаби лӯлиҳо ин аст, ки онҳоро барои хизмати ҳарбӣ танҳо ба пойтахт фиристанд. Комиссариати ҳарбии ноҳияи Восеъ бори аввал 40 нафар лӯлиёни ду ҷамоати ноҳияи Восеъро ба сафи қувваҳои мусаллаҳ даъват кардааст. Агар лӯлиёни даватшаванда хизматро бе қонуншиканӣ анҷом диҳанд, минбаъд ҳамаи онҳо соҳиби шиноснома ва ҷойи қайди доимӣ гардида, баробари дигар шаҳрвандони Тоҷикистон ба хизмати аскарӣ гирифта мешаванд, — иброз дошт З. Абдуллоев.








Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд






