КОМИССИЯИ ЭКОЛОГИИ ПАРЛУМОНИРО КӢ РОҲБАРӢ МЕКУНАД?

Апрель 14, 2010 17:11

Душанбе, 14 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Рустам Латифов вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ аз ҳавзати интихоботии Восеъ №39 Раиси комиссияи муваққатии экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Комиссияи мазкур 14 апрел дар ҷараёни баргузории ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон даъвати чорум созмон дода шуд. Зимни таъсис додани комиссияи мазкур Раиси Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров  гуфт, ки ҳадаф аз таъсис додани комиссияи муваққатии  экологӣ дар парлумони кишвар, ҳамоҳанг сохтани  кори Кумитаҳои палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон бо вазорату идораҳои марбутаи ҷумҳурӣ ҷиҳати ҳифзи муҳити зист, захираҳои табиӣ ва беҳдошти вазъи экологии кишвар аст. Назар ба иттилоъи сардори хадамоти матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов,  Комиссияи муваққатии экологӣ 15 вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистонро дар худ муттаҳид месозад, ки дорои таҷрибаи бузург дар бахши экология мебошанд.

Апрель 14, 2010 17:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд