КОМЁБИҲОИ ҶСК-ЗАВОДИ ТАЪМИРӢ
Ваҳдат, 5 апрел. (АМИТ “Ховар”, Зебо Давлатова). — Тавре, ки директории ҶСК «Заводи таъмири»-и шаҳри Ваҳдат Тоҳир Икромов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, як қисмати механикии гидроагрегати НОБ-и Норак ба корхонаи мазкур барои азнавсозӣ супорида шуд. Бо мақсади иҷрои саривақтӣ коргарони ҶСК-заводи таъмирӣ корро дар се баст ташкил намуданд. Инчунин корхона аз шабакаи барқии шаҳри Кўлоб супориши муҳим, барои сохтани ҳисобкунакҳои барқї ба миқдори 5000 адад қабул намуд. То имрӯз 150 адади он ба маблағи 45 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуд. Фармоишгарон аз НОБ-и Бойғозӣ ба маблағи 20 њазор сомонӣ, 16 адад вазнбардори оҳанї фармуданд, ки сари вақт онро пешкаши мизоҷон гардонида шуданд. Тоҳир Икромов афзуд, ки барои шабакаи барқии шаҳри Душанбе, ҶСК-Заводи таъмирӣ -2 адад зериистгоҳи маишӣ ба маблағи 45 ҳазор сомонӣ фармоиш гирифт. Танҳо дар моҳи марти соли ҷорӣ корхона ба маблағи 175 ҳазор сомонӣ фармоишҳои ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриро иҷро намуд. Айни замон бо супориши мутахассисони НОБ-Норак иҷрои азнавтаъмиркунии агрегати Норак-ро ба ўҳда гирифтем, ки иҷрои корҳои ба зиммагирифташуда 400 ҳазорро ташкил медиҳад. Комёбиҳои ҶСК-Заводи таъмирӣ имсол нисбати ҳамин давраи соли гузашта назаррас аст, гуфт директори корхонаи мазкур.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!






