КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ НАЗАРИЯВӢ
Ваҳдат, 20 апрел.(АМИТ»Ховар»,Зебо Давлатова)- Муовини мудири маорифи шаҳри Ваҳдат Эркамоҳ Мирзоева ба хабарнигори АМИТ»Ховар» иттилоъ дод,ки дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 47, имрӯз конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ- назариявӣ бахшида ба 100-солагии мутафаккири бузург,шоири шинохтаи халқи тоҷик ,дорандаи ордени «Дӯстии халқҳо» Мирзо Турсунзода баргузор мегардад.Дар конференсия мудири шуъбаи филологии рушди маорифи академияи таҳсилоти Тоҷикистон Абдуллоев,номзади илмҳои филологӣ,муаллифи китобҳои дарсии синфҳои 5-9 Тӯйчӣ Миров ва мудири шуъбаи маорифи шаҳри Ваҳдат Сафаралӣ Камолов иштирок менамоянд.Эркамоҳ Мирзоева илова намуд,ки дар конференсияи мазкур оид ба зиндагиномаи шоир шахсони номбурда суханрони намуда, аз ҷониби хонандагон қироати шеърҳои шоири маҳбуби зиндаёд ба иштирокчиёни коференсия пешниҳод мегардад.Дар охир хонандагон барномаи консертӣ аз ашъори шоир пешкаши иштирокчиён баргузор менамоянд..








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






