КОНФРОНСИ АДАБӢ ДАР ҚАРАТОҒ

Апрель 13, 2010 16:27

Турсунзода, 13 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-  Дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12-и деҳаи Қаратоғ бахшида ба 100-солагии шоири  халкии Тоҷикистон, қаҳрамони Тоҷикистон   устод  Мирзо  Турсунзода конфронси илмӣ-адабӣ баргузор гардид. Конфронсро бо сухани ифтитоҳи  муаллимаи забон ва адабиёти мактаби мазкур Фарзона  Нӯъмонова ҳусни оғоз бахшид. Сипас хонандагони мактаб Эраҷ Наимов, Меҳрона Абдуллоева, Аниса Аҳмадова, Нилуфар Сафарова, Насрулло Назаров, Фурқат Маъруфов, Бахтиёр Охунов ва дигарон дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти гаронбаҳои устод Мирзо Турсунзода маълумот доданд. Махсусан қисмати қироати шеърҳо  аз ашъори шоир хеле ҷолиб ва ва фаромӯшношуданӣ буд.  Дар конфронс муаллимони забон ва адабиёти тоҷик  аз дигар мактабҳои ноҳия ҳузур доштанд. Ёдовар мешавем ки тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва қарори Юнеско соли оянда 100-солагии шоири бузурги  тоҷик устод Мирзо Турсунзода ботантана ҷашн гирифта мешавад.

Апрель 13, 2010 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд