КОНФРОНСИ АДАБӢ ДАР ҚАРАТОҒ
Турсунзода, 13 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12-и деҳаи Қаратоғ бахшида ба 100-солагии шоири халкии Тоҷикистон, қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода конфронси илмӣ-адабӣ баргузор гардид. Конфронсро бо сухани ифтитоҳи муаллимаи забон ва адабиёти мактаби мазкур Фарзона Нӯъмонова ҳусни оғоз бахшид. Сипас хонандагони мактаб Эраҷ Наимов, Меҳрона Абдуллоева, Аниса Аҳмадова, Нилуфар Сафарова, Насрулло Назаров, Фурқат Маъруфов, Бахтиёр Охунов ва дигарон дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти гаронбаҳои устод Мирзо Турсунзода маълумот доданд. Махсусан қисмати қироати шеърҳо аз ашъори шоир хеле ҷолиб ва ва фаромӯшношуданӣ буд. Дар конфронс муаллимони забон ва адабиёти тоҷик аз дигар мактабҳои ноҳия ҳузур доштанд. Ёдовар мешавем ки тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва қарори Юнеско соли оянда 100-солагии шоири бузурги тоҷик устод Мирзо Турсунзода ботантана ҷашн гирифта мешавад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






