КОНФРОНСИ БАЙНАЛХАЛҚӢ БАХШИДА БА ПРОБЛЕМАҲОИ ОБ

Апрель 30, 2010 09:37

Душанбе,  30 апрел. (АМИТ «Ховар», Фарангис  Раҳимова). —  Аз  8  то  10  июни  соли равон  дар  Душанбе  конфронси  байналмилалӣ  бахшида ба  ҷараёни  иҷрои тадбирҳои   марбут ба   даҳсолаи байналхалқии амалиёти  «Об  барои  ҳаёт» баргузор  мегардад.  Ташкилкунандагони  он  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба  Созмони  милали  муттаҳид  мебошанд. Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо  мақсади  омода  сохтан  ва  гузаронидани  конфронс  таҳти роҳбарии  Сарвазири  мамлакат  кумитаи  тадорукот  созмон  дод. Вазири  корҳои  хориҷии  ҷумҳурӣ  муовини  роҳбари  кумитаи  тадорукот  мебошад. Ба  ҳайати он  роҳбарони  вазорату  идораҳои   дахлдор  шомил  гардиданд. Ҳадафи  асосии  конфронс ҷамъбасти  натиҷаҳои   даври  аввали  Даҳсолаи  байналхалқии  амалиёти  «Об  барои  ҳаёт»,  таҳлили  амалӣ  сохтани тадбирҳои  қаблан  мувофиқашуда дар  сатҳи  байналмилалӣ,  инчунин  муқаррар  намудани   тадбирҳои ояндаи   марбут ба   масъалаҳои об то  соли  2015 мебошад. Дар  конфронс  роҳбарони   аввали   мамлакатҳои  ҷаҳон  ва  намояндагони  баландпояи  сохзмонҳои  байналмилалию  минтақавӣ,  ғайридавлатӣ ва  илмӣ  иштирок  хоҳанд  кард.           Ҳукумати  Тоҷикистон  ба  унвони   сарони  ҳукуматҳои  191   мамлакати  аъзои  СММ,  роҳбарони  20 ташкилоти  Созмони  Милал,  зиёда  аз  80  ташкилоти  байналхалқию  минтақавӣ  ва  120 муассисаи   илмию  таълимии  мамлакатҳои  ҷаҳон  барои  иштирок  дар  конфронс  даъватнома  фиристод

Апрель 30, 2010 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд