КОРИ ИЛМӢ ОИД БА ОСЕБДИДАГОНИ МИНАҲО

Апрель 6, 2010 12:18

Душанбе, 6 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1992 то имрӯз аз таркиши минаҳо ва муҳимоти нотаркида 498 нафар маҷрӯҳ ва 356 нафар ҳалок гардидаанд. Осебдидагон аз таркиши мина   ба гурӯҳи алоҳидаи маъюбон, ки осеби рӯҳӣ низ гирифтаанд, дохил мешаванд. Райҳон Мӯъминова аз аввалин олимаҳое мебошад, ки дар давоми 5 сол оид ба ҳолати рӯҳии зарардидагон аз мина корҳои тадқиқотӣ бурда аст. Мавсуф таҳти роҳбарии академики Академияи илмҳои тиббии Федератсияи Русия, профессор Сергей Никифорович Пузин дар мавзӯи «Табобати осебдидагони мина дар Тоҷикистон» диссертатсияи номзадӣ ҳимоя намуд. Дар асоси пажӯҳиши худ Райҳон Мӯъминова кӯшиш дорад, шумораи зиёди осебдидагон ба меҳнати фоиданок ҷалб шаванд.

Апрель 6, 2010 12:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад