КУРСИИ РАИСИ ПАЛАТАИ БОЛОИИ ПАРЛУМОН НАСИБИ КӢ МЕГАРДАД?

Апрель 20, 2010 15:18

Душанбе, 20 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-23-уми апрели соли 2010 дар шаҳри Душанбе иҷлосияи нахустини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор мегардад. Дар назар аст, ки дар иҷлосияи нахустини палатаи болоии парлумони мамлакат масъалаҳои ташкилӣ,  ба мисли интихоби Раиси Маҷлиси  миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муовинони Раис, раисони Кумитаҳои Маҷлиси миллӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Бояд зикр кард, ки Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун палатаи болоии парлумони Тоҷикистон 10 сол муқаддам таъсис дода шуда, аз 34 аъзо иборат аст. Дар интихоботи 25 марти соли 2010 баргузор гардида, 25 нафар аз ҷониби Маҷлисҳои маҳаллии вакилони  халқ узви Маҷлиси миллӣ интихоб шуданд, ки 3 нафарашро занон ташкил медиҳанд. 8 нафари дигар бошад бо Фармони Президенти мамлакат ба узвияти Маҷлиси миллӣ таъин гардиданд. Нахустин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов узви якумраи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Апрель 20, 2010 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд