КВД «ШИРКАТИ АЛЮМИНИИ ТОҶИК» ҚАРЗДОР НЕСТ

Апрель 2, 2010 08:51

Душанбе, 2 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-   Пагоҳ аз Қарори Ҳукумаи ҷумҳурӣ дар бораи ивази ном кардани КВД «Ширкати Алюминии Тоҷик» се сол пур мешавад. Дар давоми се соли охир дар корхона низоми толлингии истеҳсолот ва содироти алюминий амал мекунад.           Соли 2009 истеҳсоли маҳсулот бо сабаби паст рафтани нархи алюминий дар бозори ҷаҳонӣ нисбат ба соли 2008 10 фоиз кам шуд. Бино ба гуфти директори   корхонаи мазкур Садриддин Шарипов,   КВД «Ширкати Алюминии  Тоҷик» истифодабарандаи асосии нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ буда, маблағи истифодаи нерӯи барқро, ки қариб ҳамаи корхонаю ташкилотҳо қарздоранд,  ҳамасола сари вақт бо ШСХК «Барқи тоҷик» ҳисобӣ мекунад. Соли гузашта ҳақи истифодаи барқ, ки 454,1 млн. сомониро ташкил дод ба суратҳисоби ШСХК «Барқи тоҷик» гузаронида шуд, ки ин нисбат ба соли 2008 108,9 млн. сомонӣ  зиёд мебошад. Алҳол ширкати мазкур аз ягон соҳа қарздор нест.  

Апрель 2, 2010 08:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд