КВД «ШИРКАТИ АЛЮМИНИИ ТОҶИК» ҚАРЗДОР НЕСТ
Душанбе, 2 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Пагоҳ аз Қарори Ҳукумаи ҷумҳурӣ дар бораи ивази ном кардани КВД «Ширкати Алюминии Тоҷик» се сол пур мешавад. Дар давоми се соли охир дар корхона низоми толлингии истеҳсолот ва содироти алюминий амал мекунад. Соли 2009 истеҳсоли маҳсулот бо сабаби паст рафтани нархи алюминий дар бозори ҷаҳонӣ нисбат ба соли 2008 10 фоиз кам шуд. Бино ба гуфти директори корхонаи мазкур Садриддин Шарипов, КВД «Ширкати Алюминии Тоҷик» истифодабарандаи асосии нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ буда, маблағи истифодаи нерӯи барқро, ки қариб ҳамаи корхонаю ташкилотҳо қарздоранд, ҳамасола сари вақт бо ШСХК «Барқи тоҷик» ҳисобӣ мекунад. Соли гузашта ҳақи истифодаи барқ, ки 454,1 млн. сомониро ташкил дод ба суратҳисоби ШСХК «Барқи тоҷик» гузаронида шуд, ки ин нисбат ба соли 2008 108,9 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Алҳол ширкати мазкур аз ягон соҳа қарздор нест.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






