МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ДАР ҶУМҲУРӢ АФЗУД

Апрель 23, 2010 13:51

Душанбе, 23 апреля. (АМИТ «Ховар, Покиза Маҳмадбекова). – Ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ дар се моҳаи авали соли 2010 ба маблағи 449,3 миллион сомонӣ расид, ки ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли гузашта 5,7 фоиз зиёд мебошад.  Дар соли 2009 истеҳсоли ғалла ба маблағи як миллиону 294,7 ҳазор сомонӣ расид. Аз ҷумла, 800 ҳазор тонна гандум, ки нисбати соли 2008- ум  37,3 фоиз афзоиш ёфтааст.   Аз рӯи иттилоъи Раиси Агентии омори назди Президенти Ҷyмхурии Точикистон Бахтия Мухаммадиева то якуми апрели соли 2010 дар ҷумҳурӣ маҳсулоти умумии дохилии истеҳсолшуда ба маблағи 3992,9 миллион сомонӣ расид, ки нисбати семоҳаи аввали соли 2009-ум 106, фоиз афзудааст. Дар ҳамаи категирияҳои хоҷагӣ 1090 тонна сабзавот истеҳсол карда шудааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2,4 фоиз афзудаст. Гардиши савдои хориҷӣ бошад, якҷоя бо қувваи барқ ва гази табиӣ 793,9 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 ба маблағи 7,3 миллион доллари амрикоӣ камтар аст. Тарозӣ савдо манфӣ буда, 288,3 миллион долларо ташкил дод. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 73 мамлакат, аз ҷумла бо 10 мамлакати ИДМ ва бо 63 давлати хориҷӣ дур муносибати савдои хориҷӣ дорад.                                        

Апрель 23, 2010 13:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст