МАҶАЛЛАИ НАВ

Апрель 12, 2010 15:24

Душанбе,  12 апрел. (АМИТ «Ховар», Людмила  Дубинина). – 14 апрел  дар  маркази   ҷумҳуриявии  матбуоти  «Иттилоот ва  муошират» маросими   пешниҳоди  маҷаллаи  нави  «Қазоқистони  қарни  21»  баргузор  мегардад, ки онро Анҷумани журналистони  форсизабони «Афрӯз» бо  дастгирии  молиявии  Сафоратхонаи  Ҷумҳурии  Қазоқистон  дар  Тоҷикистон  нашр  кардааст. Котиби  аввали  сафоратхонаи  Қазоқистон  дар  Тоҷикистон Минор Раханов  хабар  дод, ки  дар  маросими  пешниҳоди  маҷалла  сафири  Қазоқистон  дар  Тоҷикистон  Абӯтолиб  Аҳмадов,   сармуҳаррири  ҳафтаномаи  «Миллат»,  раиси  Анҷумани  журналистони  форсизабон Адолати  Мирзо, кормандони  намояндагиҳои дипломатии  хориҷӣ,  вазорату  идораҳо ва  хабарнигорон  ширкат  меварзанд. Маҷаллаи  «Қазоқистони  қарни  21»  ба  забонҳои  русӣ  ва  форсӣ  чоп  мешавад.  Маҷалла  дар  бораи  ҳаёти  сиёсию  иҷтимоӣ  ва  иқтисодию  фарҳангии  Қазоқистон  нақл  мекунад. Дар  маҷалла  инчунин   дар  бораи  фаъолияти  воситаҳои  ахбори оммавии  Қазоқистон —  аз  ҷумла  радиою телевизион,   интернет,  воситаҳои  ахбори оммавии  электронӣ  низ   маълумоти  ҷолиби  диққат  дода хоҳад шуд.

Апрель 12, 2010 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд