МАҶЛИСИ БОТАНТАНА ДАР АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО

Апрель 16, 2010 09:37

Душанбе,  16 апрел. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих). —   Имрӯз  дар Академияи  илмҳои  ҷумҳурӣ  бахшида ба Рӯзи  илм таҳти  шиорҳои  «Соли 2010 – соли  илм ва  технологияи  нав  дар  ИДМ» ва «Соли маориф ва донишҳои техникӣ»  ҷамъомади ботантана  баргузор  мегардад.  Дар   он   роҳбарони  ҳамаи  муассисаҳои  илмӣ,  олимон ва намояндагони  созмонҳои хориҷӣ  ширкат  меварзанд. Ҷамъомадро  раиси  Академияи  илмҳои  ҷумҳурӣ Мамадшо Илолов  ҳусни оғоз  мебахшад.  Дар он  академик  Собит  Неъматуллоев  ва  доктори  илми  биология,  профессор,  барандаи  ҷоизаи ба  номи Павловский  Фирӯза  Аҳророва  маърӯза  мекунанд. Сипас  созишномаи  Раёсати  рушд ва  ҳамкории Швейтсария  ва Академияи  илмҳои  Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар  бораи  супоридани  7  стансияи рақамии  зилзиласанҷӣ ба  ихтиёри Академияи  илмҳои  Тоҷикистон  тақдим  карда  мешавад. Баъдан  намояндагони  Вазорати  энергетика  ва  саноати  ҷумҳурӣ  ва  Академияи  илмҳо дар  бораи  ҳамкорӣ роҷеъ ба  мавриди баҳрабардорӣ  қарор  додани   дастовардҳои  илмию  техникӣ ва технологияи  нав  дар  истеҳсолоти  саноатӣ  созишнома  имзо  мекунанд.

Апрель 16, 2010 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд