МАҶЛИСИ БОТАНТАНА ДАР АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО
Душанбе, 16 апрел. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Имрӯз дар Академияи илмҳои ҷумҳурӣ бахшида ба Рӯзи илм таҳти шиорҳои «Соли 2010 – соли илм ва технологияи нав дар ИДМ» ва «Соли маориф ва донишҳои техникӣ» ҷамъомади ботантана баргузор мегардад. Дар он роҳбарони ҳамаи муассисаҳои илмӣ, олимон ва намояндагони созмонҳои хориҷӣ ширкат меварзанд. Ҷамъомадро раиси Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Мамадшо Илолов ҳусни оғоз мебахшад. Дар он академик Собит Неъматуллоев ва доктори илми биология, профессор, барандаи ҷоизаи ба номи Павловский Фирӯза Аҳророва маърӯза мекунанд. Сипас созишномаи Раёсати рушд ва ҳамкории Швейтсария ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи супоридани 7 стансияи рақамии зилзиласанҷӣ ба ихтиёри Академияи илмҳои Тоҷикистон тақдим карда мешавад. Баъдан намояндагони Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ ва Академияи илмҳо дар бораи ҳамкорӣ роҷеъ ба мавриди баҳрабардорӣ қарор додани дастовардҳои илмию техникӣ ва технологияи нав дар истеҳсолоти саноатӣ созишнома имзо мекунанд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






