МАҶЛИСИ ШӮРОИ РОҲБАРОНИ КУМИТАҲОИ ҶАВОНОНИ ИДМ

Апрель 14, 2010 14:16

Душанбе,  14 апрел. (АМИТ «Ховар», Наталя  Михайлова). —  Дирӯз  дар   шаҳри  Боку  маҷлиси  навбатии  Шӯрои  роҳбарони  кумитаҳои  ҷавонони  давлатҳои  ИДМ  кушода  шуд.  Дар он   намояндагони  Озарбойҷон,  Русия,  Тоҷикистон,  Белорусия, Қазоқистон ва  Молдавия  иштирок доранд. Аз  Тоҷикистон  дар  маҷлис  раиси  Кумитаи ҷавонон,  варзиш ва  сайёҳии  назди  ҳукумати  мамлакат  Маликшо  Неъматов  ширкат  меварзад. Вазири  масъалаҳои  ҷавонон  ва  варзиши  Озарбойҷон   Озод  Раҳимов   маҷлисро  кушода,  дар  бораи  масъалаҳои  рӯзномаи он   сухан  ронд. Вай  зикр  кард, ки  мо   на  танҳо  ҳамсояҳои  ҳамдигар  мебошем,  балки бо  давраи  муайяни  таърихи   умумӣ ва  арзишҳои   ягонаи   иҷтимоию  фарҳангӣ  бо  ҳамдигар  шарик  мебошем. Ин  барои   ба  роҳ  мондани  муносибатҳои  ҳамаҷониба  ва  ҳамкории  мутақобилан  муфид  заминаи  мусоид  мебошад. Ҳукуматҳои  мамлакатҳоямон,  кумитаи  иҷроияи  ИДМ  ва  сохторҳои он  барои  мустаҳкам  намудани  мавқеи  ИДМ  ҳамчун   сохтори  байнидавлатӣ  кӯшиш  ба  харҷ  медиҳанд. Вазифаи  мо  мусоидат   ба  амалӣ  гардидани  ин  тадбирҳо  мебошад. Иштирокчиёни  маҷлис  нақшаи  тадбирҳои  муштаракро барои  ду  соли  оянда  тарҳрезӣ  намуданд. Шӯрои  роҳбарони  созмонҳои  ҷавонони  давлатҳои  ИДМ  соли  2005  бо  қарори  сарони  ҳукуматҳои  ИДМ  ташкил  ёфта буд.  Маҷлисҳои он  ҳар  сол  ду  маротиба  гузаронида  мешаванд.

Апрель 14, 2010 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд