МАҶЛИСИ ШӮРОИ РОҲБАРОНИ КУМИТАҲОИ ҶАВОНОНИ ИДМ
Душанбе, 14 апрел. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Дирӯз дар шаҳри Боку маҷлиси навбатии Шӯрои роҳбарони кумитаҳои ҷавонони давлатҳои ИДМ кушода шуд. Дар он намояндагони Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Белорусия, Қазоқистон ва Молдавия иштирок доранд. Аз Тоҷикистон дар маҷлис раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати мамлакат Маликшо Неъматов ширкат меварзад. Вазири масъалаҳои ҷавонон ва варзиши Озарбойҷон Озод Раҳимов маҷлисро кушода, дар бораи масъалаҳои рӯзномаи он сухан ронд. Вай зикр кард, ки мо на танҳо ҳамсояҳои ҳамдигар мебошем, балки бо давраи муайяни таърихи умумӣ ва арзишҳои ягонаи иҷтимоию фарҳангӣ бо ҳамдигар шарик мебошем. Ин барои ба роҳ мондани муносибатҳои ҳамаҷониба ва ҳамкории мутақобилан муфид заминаи мусоид мебошад. Ҳукуматҳои мамлакатҳоямон, кумитаи иҷроияи ИДМ ва сохторҳои он барои мустаҳкам намудани мавқеи ИДМ ҳамчун сохтори байнидавлатӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Вазифаи мо мусоидат ба амалӣ гардидани ин тадбирҳо мебошад. Иштирокчиёни маҷлис нақшаи тадбирҳои муштаракро барои ду соли оянда тарҳрезӣ намуданд. Шӯрои роҳбарони созмонҳои ҷавонони давлатҳои ИДМ соли 2005 бо қарори сарони ҳукуматҳои ИДМ ташкил ёфта буд. Маҷлисҳои он ҳар сол ду маротиба гузаронида мешаванд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






