МАҶЛИСИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ ДАВЛАТҲОИ ИДМ

Апрель 14, 2010 10:25

Душанбе, 14 апрел. (АМИТ «Ховар», Фирдавс  Таваров).  — Имрӯз дар  Маскав  маҷлиси  навбатии  58 – уми  Шӯрои  вазирони  мудофиаи  давлатҳои  ИДМ  кушода  мешавад. Дар он  вазири  мудофиаи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  генерал – полковник  Шералӣ  Хайруллоев  иштирок  мекунад.  Дар  маҷлис  бештар  аз  20  масъалаи  марбут ба   самтҳои  гуногуни  ҳамкории   вазоратҳои  мудофиаи   мамлакатҳои  ИДМ  муҳокима  карда  мешаванд. Мухбири  АМИТ  «Ховар»  хабар  медиҳад, ки дар  оғози  маҷлис  матни  муроҷиатнома ба  иштирокчиён  ва  ветеранҳои  Ҷанги  Бузурги  Ватанӣ,    хизматчиёни  Қувваҳои  мусаллаҳи  мамлакатҳои  Иттиҳод  тасдиқ  карда  мешавад. Иштирокчиёни  маҷлис  баъдан  лоиҳаи  созишномаро   дар  бораи  абадӣ  гардонидани  хотираи қаҳрамонию  мардонагии  халқҳои   ИДМ  дар  Ҷанги  Бузурги  Ватани муҳокима  карда,   тадбирҳои  марбут ба   гузаронидани  Соли   ветеранҳои   ҷангро  мувофиқа  менамоянд. Инчунин   силсилаи  тадбирҳои  муштараки   марбут ба   беҳтар  намудани  фаъолияти   ҷузъу  томҳои  муҳандисии  Қувваҳои  мусаллаҳи   давлатҳои  ИДМ,   низомномаи  фаъолияти   Кумитаи  ҳамоҳангсози  фармондеҳони  ҷузъу  томҳои мудофиа  аз   аслиҳаи  радиатсиониявӣ  ва  биологӣ, такмили  таъминоти  ҳуқуқии   ҳамкории доманадори  ҳарбӣ,  гузаронидани  озмуни  байналхалқии  асарҳои   илмии  ҳарбӣ,  ташкили  системаҳои  муттаҳидаи  таъиноти  ҳарбӣ, рафти  иҷрои   вазифаҳои таъминоти  метрологии   қувваҳои  мусаллаҳ  бо назардошти  имкониятҳои  меъёрҳои  ибтидоии  ҳарбӣ  ва  меъёрҳои  кори  Қувваҳои  мусаллаҳи  давлатҳои  Иттиҳод  мавриди баррасӣ  қарор  дода  мешаванд. Қарорҳои  дар  маҷлис  қабулшаванда  ба Шӯрои  вазирони  мудофиа имкон  медиҳад, ки   ҳамкории  ҳамаҷонибаи  мамлакатҳои  Иттиҳодро  дар  соҳаи  ҳарбӣ  бештар  вусъат  диҳанд.

Апрель 14, 2010 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст
Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши забони олмонӣ оғоз меёбад
Дурнамо ва густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ гардид
Далер Наимов: «Дастаи мо аз шахсони зираку кордон иборат аст»
Имрӯз дар Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад