МАҶЛИСИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ ДАВЛАТҲОИ ИДМ
Душанбе, 14 апрел. (АМИТ «Ховар», Фирдавс Таваров). — Имрӯз дар Маскав маҷлиси навбатии 58 – уми Шӯрои вазирони мудофиаи давлатҳои ИДМ кушода мешавад. Дар он вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – полковник Шералӣ Хайруллоев иштирок мекунад. Дар маҷлис бештар аз 20 масъалаи марбут ба самтҳои гуногуни ҳамкории вазоратҳои мудофиаи мамлакатҳои ИДМ муҳокима карда мешаванд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар оғози маҷлис матни муроҷиатнома ба иштирокчиён ва ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, хизматчиёни Қувваҳои мусаллаҳи мамлакатҳои Иттиҳод тасдиқ карда мешавад. Иштирокчиёни маҷлис баъдан лоиҳаи созишномаро дар бораи абадӣ гардонидани хотираи қаҳрамонию мардонагии халқҳои ИДМ дар Ҷанги Бузурги Ватани муҳокима карда, тадбирҳои марбут ба гузаронидани Соли ветеранҳои ҷангро мувофиқа менамоянд. Инчунин силсилаи тадбирҳои муштараки марбут ба беҳтар намудани фаъолияти ҷузъу томҳои муҳандисии Қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои ИДМ, низомномаи фаъолияти Кумитаи ҳамоҳангсози фармондеҳони ҷузъу томҳои мудофиа аз аслиҳаи радиатсиониявӣ ва биологӣ, такмили таъминоти ҳуқуқии ҳамкории доманадори ҳарбӣ, гузаронидани озмуни байналхалқии асарҳои илмии ҳарбӣ, ташкили системаҳои муттаҳидаи таъиноти ҳарбӣ, рафти иҷрои вазифаҳои таъминоти метрологии қувваҳои мусаллаҳ бо назардошти имкониятҳои меъёрҳои ибтидоии ҳарбӣ ва меъёрҳои кори Қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои Иттиҳод мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд. Қарорҳои дар маҷлис қабулшаванда ба Шӯрои вазирони мудофиа имкон медиҳад, ки ҳамкории ҳамаҷонибаи мамлакатҳои Иттиҳодро дар соҳаи ҳарбӣ бештар вусъат диҳанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






