МАБЛАҒҲОИ «РОҒУН» АЗ ҶОНИБИ КОМИССИЯ ҶАМЪИЯТӢ НАЗОРАТ МЕШАВАНД
Душанбе, 21 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 марти соли 2010, таҳти рақами 145, Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба назорати харҷи маблағи аз фурӯши саҳмияҳои Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «НБО «Роғун» ва маблағҳои кӯмаку хайрияи молию моддии барои сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ҷамъшуда таъсис дода шуд. Комиссия мазкур мақоми ҳамоҳангсозӣ ва назоратии ҷамъиятӣ буда, бо мақсади амалӣ намудани назорати ҷамъиятии доимӣ, таҳлили рафти фурӯши саҳмияҳои ҶСК «НБО «Роғун», истифодаи мақсадноки маблағҳои аз фурӯши саҳмияҳо ва маблағҳои кӯмаку хайрияи молию моддӣ ҷамъшуда, дурустии таъмин намудани суди (дивиденд) саҳмияҳоро назорат кардан, инчунин ҳармоҳа ба самъи аҳолӣ расонидани маълумот аз натиҷаи назорати ҷамъиятӣ, таъсис гардидааст. Вазифаҳои асосии Комиссияи ҷамъиятӣ таҳлили ҳолати фурӯши саҳмияҳо ва хароҷоти мақсадноки маблағҳои аз фурӯши саҳмияҳо ва кӯмаку хайрияҳо ҷамъшуда, таҳия ва баррасии пешниҳодот, дида баромадани таклифҳо оид ба беҳтар намудани харҷи маблағҳо, амалӣ намудани назорати ҷамъиятии истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷамъшуда ва пешниҳоди ҳармоҳаи ахборот оид ба харҷи ин маблағҳо тавассути воситаҳои ахбори омма мебошад. 17 апрел ҷаласаи нахустини ин Комиссия баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои муайян намудани вазифаҳои кории ҳар як аъзои Комиссияи ҷамъиятӣ, нақшаи корӣ, дурнамои минбаъдаи фаъолияти ин Комиссия бо ҷалби созмонҳои ҷамъиятӣ баррасӣ шуда, роҷеъ ба масъалаҳои муҳими дахлдор табодули назар карда шуд. Ба узвияти Комиссияи мазкур Нодир Одилов – раиси Шӯрои куҳансолон (раиси Комиссия), Изатулло Ҳаёев – собиқадори меҳнат (муовини раиси Комиссия), Исомиддин Салоҳиддинов – раиси Кумитаи иҷроияи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» (котиби масъули Комиссия), Султон Мирзошоев – собиқадори меҳнат, Сафар Сафаров – муовини аввали раиси ҲХДТ, Масъуд Собиров – раиси ҲДТ, Рафиқа Мӯсоева – раиси Асотсиатсияи энергетикҳои Тоҷикистон, Баҳром Сироҷев – собиқадори меҳнат, Меҳмон Бахтӣ — раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Талбак Назаров – раиси Хазинаи хайрияи Тоҷикистон, Ҳоҷӣ Амон Неъматзода – раиси Шӯрои улламои Маркази исломии Тоҷикистон, Қурбон Восиев – раиси Кумитаи иҷроияи харакати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Нуралӣ Саидов – котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Акбаралӣ Сатторов – раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Раҷабалӣ Қудратов – собиқадори меҳнат шомиланд. Маврид ба ёдоварист, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 29 январи соли равон дар маҷлиси васеи Ҳукумати мамлакат ба масъулин супориш дода буд, ки ҷиҳати шаффофият ва мақсаднок истифода шудани маблағҳои аз фурӯши саҳмияҳо ва кӯмакҳо барои бунёди «Роғун» ҷамъшуда ҳар 10 рӯз тавассути воситаҳои ахбори омма ахборот паҳн карда шуда, баҳри назорати харҷи ин маблағҳо бо ҷалби созмонҳои ҷамъиятӣ ва намояндагони ВАО як комиссияи ҷамъиятӣ созмон дода шавад. Ин иқдоми Сарвари давлат аз ҷониби ҷомеа ва созмонҳои ҷамъиятиву байналмилалӣ ҳамчун рамзи поккорӣ хуш пазируфта шуда, дар як муддати кӯтоҳ таваҷҷӯҳ ба харидории саҳмияҳои ҶСК «НБО «Роғун» ва кӯмакҳо ҷиҳати бунёди нерӯгоҳ афзуд. Дар маҷмӯъ, то 14 апрели соли ҷорӣ аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳо ва сертификати саҳмияҳо, бо дарназардошти кӯмакҳои молиявӣ 810 миллиону 20 ҳазору 786 сомонӣ маблағ ҷамъ гардид. Роҳбари миссияи Хазинаи байналмилалии асъор доир ба Тоҷикистон Аксел Шиммелпфенинг 12 апрел пас аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҳавасмандии Ҳукумати Тоҷикистон оид ба гузаронидани бозрасии (аудит) ҳамаҷонибаи НБО «Роғун» ва пешниҳоди мунтазами ҳисобот ба аҳли ҷомеа оид ба харҷи маблағҳои аз фурӯши саҳмияҳо ва маблағҳои кӯмаку хайрияи молию моддии барои сохтмони НБО «Роғун» ҷамъшуда истиқбол карда, ҳамчунин зикр намуд, ки зери назари Бонки ҷаҳонӣ гузаштани корҳои лоиҳакашӣ эътимоднокии бунёди ин иншооти бузургро афзун менамояд. Гуфтанист, ки миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба асосноккунии лоиҳаҳои техникию барномаҳои иқтисодӣ ва омўзиши таъсири экологии НБО «Роғун» санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст. 20 апрел ҳайати коршиносони Бонки ҷаҳонӣ аз маҳалли бунёди Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» дидан карда, бо рафти корҳои сохтмонӣ ошно гардиданд. Бонки ҷаҳонӣ гуфтааст, бозрасии (аудит) хатароти эҳтимолӣ ва манфиати нерӯгоҳи «Роғун» дар чаҳорчӯбаи тамоми меъёру муқаррароти ин бонк ва хулосаи коршиносони мустақили байналмилалӣ анҷом хоҳад ёфт. Имрӯз сару садоҳои мухталиф атрофи истифодаи захираҳои оби Осиёи Марказӣ ва бунёди нерӯгоҳҳои азим дар ин минтақа, бахусус бунёди Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» торафт меафзоянд. Кишварҳои поёноби минтақа, аз ҷумла Ҷумҳурии Ӯзбекистон иддао дорад, ки тарҳи НБО «Роғун» бояд бо назардошти таъсираш ба бӯҳрони Арал, пайомадҳояш дар ҳаҷми интиқоли об ба кишварҳои дигар ва чораҳои ҳифзи он аз таҳдидҳои техногенӣ ва табиӣ, бозрасӣ (аудит) шавад. Аммо мақсад аз бунёди ин иншооти муҳим яктост — Ҷумҳурии Тоҷикистон захираи калони нафту газ надорад, вале дорои захираҳои бузурги об мебошад, ки он боигарии миллӣ маҳсуб мешавад. Аз ин лиҳоз, Тоҷикистон бо ҳама имконот мекӯшад аз ин боигарии миллӣ барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди иқтисоди миллӣ ва дар баробари ин, ба нафъи тамоми мардуми минтақа, истифода кунад. Агар одилона ба масъала назар кунем, нерӯгоҳи «Роғун» барои ҷамъ кардани захираи об ва истифодаи он дар мавсими обёрӣ муҳим ва манфиатовар аст. Обанборе ки аз ин нерӯгоҳ ба вуҷуд меояд, захираи бузурги обро ҷамъ карда, бо чунин роҳ масъалаи таъмини об дар минтақа ҳал мегардад ва инчунин мушкили камбуди барқ ҳам дар кишварҳои ҳамсоя таъмин мешавад. Дабири кулли Хартияи байналмилалии энергетикӣ Андрэ Мерниэ 6 майи соли 2009 баъди мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хабарнигорон гуфта буд, ки ӯ аз мушкилоти камбуди нерӯи барқ дар Тоҷикистон ва минтақа огаҳ буда, бар ин бовар аст, ки барои рушди арсаҳои мухталиф, алалхусус дар бахшҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва саноатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни баҳрабардорӣ аз захираҳои обу энергетикии худ чораи дигар надорад. Танҳо гуфтанием, ки лоиҳаи сохтмони НБО «Роғун» қабл аз оғози сохтмони он дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ бо ҳамаи ҷонибҳо мувофиқа шуда, ҳадафи аслии он обёрӣ кардани зиёда аз 330 ҳазор гетар заминҳои минтақа ва беҳтар намудани оберии беш аз 1 миллион гектар замини дигар буд. Дар баробари ин, дар сурати пурра фаъол шудани НБО «Роғун» бо иқтидори 3600 мегават соат, қодир ба тавлиди бештар аз 13 миллиард киловат соат нерӯи барқ дар як сол хоҳад буд, ки на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра истиқлолияти энергетикии худро ба даст меорад, балки кишварҳои ҳамсоя низ бо барқи арзон ва босифат таъмин мегарданд. Ба таваҷҷӯҳи хонандагон: Шахсони ҳуқуқиву воқеӣ метавонанд роҷеъ ба истифодаи мақсадноки маблағҳои аз фурӯши саҳмияҳои Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «НБО «Роғун» ва маблағҳои кӯмаку хайрияи молию моддии ҷамъшуда фикру пешниҳодҳои худро тавассути почтаи электронии jpayvand@mail.ru ё бо телефони 221-84-67 ба Комиссияи ҷамъиятӣ иброз намоянд.