МАЛАХ БА ҲУҶУМ МЕГУЗАРАД
Душанбе, 14 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Вазорати кишоварзӣ иттилоъ доданд, ки соли ҷорӣ барои мубориза бар зидди малах аз ҳисоби буҷа 4 млн. сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст. Бо сардории Вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов ситоди «Мубориза зидди малах» таъсис ёфтааст. То 12 – уми апрели соли ҷорӣ дар асоси нақша мебоист дар майдони 328,8 ҳазор гектар тадқиқот оид ба тухмгузорӣ ва ҷойгиршавии малах гузаронида мешуд, аммо дар амал бошад, ҳамагӣ дар масаҳати 87 ҳазору 690 гектар тадқиқот гузаронида шудааст. Дар майдони 32 ҳазору 150 гектар малах ба ҳуҷум гузаштааст, барои мубориза бар зидди малах 17 адад трактори дорупошаки ОВХ, 289 адад дорупошакҳои дастӣ ва 458 нафар қувваи корӣ аз ҳисоби аҳолӣ сафарбар карда шудааст. Хатари паҳншавии малах дар ноҳияҳои наздисарҳадии вилояти Хатлон, ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд, ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Шаҳринав ва Рӯдакӣ зиёд аст.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






