«МАЪЛУМОТНОМАИ ҲИФЗИ РАСТАНИҲО»

Апрель 28, 2010 10:49

Душанбе, 28 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал китоби  «Маълумотнома оид ба ҳифзи растаниҳо» аз чоп баромад, бо ин мақсад дирӯз дар Вазорати кишоварзӣ муаррифии ин китоб, ки чун дастур оид ба мубориза ба муқобили ҳашароти зараррасон ва ҳифзи растаниҳо аз алафҳои бегона барои мутахассисон, машваратчиён оид ба хоҷагии кишоварзӣ,  ки дар фаъолияти худ ба ҳифзи растаниҳо машғуланд, раҳнамои хеле хуб буда метавонад.      Аз Маълумотнома  тамоми иттилооти заруриро оид ба ҳифзи растаниҳо аз тамоми ҳашароти зараррасон ва алафҳои бегона ҳангоми кишт ва нумӯи зироат ба даст овардан мумкин аст. Маълумотнома аз 7 боб иборат буда, мавзӯъҳои мухталиф ва роҳҳои мубориза ба муқобили ҳашароти зараррасон ва ҳифзи растаниҳоро дар бар гирифтааст. Дар шароити имрӯза, ки хоҷагиҳо дар асоси мустақилияти худ амал мекунанд ва аз ҷиҳати кадрҳои ихтисосманд пурра таъмин нестанд, Маълумотнома барои ҳамаи роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) як дастури хубе дар нигоҳубин , парвариш ва мубориза ба муқобили ҳашароти зараррасон ва ҳифзи растаниҳо шуда метавонад. Дар назар аст, ки моҳҳои август – сентябри соли ҷорӣ он ба забони давлатӣ нашр гардад. Дар муаррифии китоб   роҳбарони раёсат ва шӯъбаҳои Вазорати кишоварзӣ ширкат варзиданд.

Апрель 28, 2010 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад