«МАЪЛУМОТНОМАИ ҲИФЗИ РАСТАНИҲО»
Душанбе, 28 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал китоби «Маълумотнома оид ба ҳифзи растаниҳо» аз чоп баромад, бо ин мақсад дирӯз дар Вазорати кишоварзӣ муаррифии ин китоб, ки чун дастур оид ба мубориза ба муқобили ҳашароти зараррасон ва ҳифзи растаниҳо аз алафҳои бегона барои мутахассисон, машваратчиён оид ба хоҷагии кишоварзӣ, ки дар фаъолияти худ ба ҳифзи растаниҳо машғуланд, раҳнамои хеле хуб буда метавонад. Аз Маълумотнома тамоми иттилооти заруриро оид ба ҳифзи растаниҳо аз тамоми ҳашароти зараррасон ва алафҳои бегона ҳангоми кишт ва нумӯи зироат ба даст овардан мумкин аст. Маълумотнома аз 7 боб иборат буда, мавзӯъҳои мухталиф ва роҳҳои мубориза ба муқобили ҳашароти зараррасон ва ҳифзи растаниҳоро дар бар гирифтааст. Дар шароити имрӯза, ки хоҷагиҳо дар асоси мустақилияти худ амал мекунанд ва аз ҷиҳати кадрҳои ихтисосманд пурра таъмин нестанд, Маълумотнома барои ҳамаи роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) як дастури хубе дар нигоҳубин , парвариш ва мубориза ба муқобили ҳашароти зараррасон ва ҳифзи растаниҳо шуда метавонад. Дар назар аст, ки моҳҳои август – сентябри соли ҷорӣ он ба забони давлатӣ нашр гардад. Дар муаррифии китоб роҳбарони раёсат ва шӯъбаҳои Вазорати кишоварзӣ ширкат варзиданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






