МАРДУМРО ОЯНДАИ ХУБ ДАР ПЕШ АСТ

Апрель 21, 2010 12:20

Душанбе, 21 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар конфронси матбуотие, ки дар Вазорати кишоварзӣ оид ба ҷамъбасти семоҳаи аввали соли 2010 баргузор гардид, нисбат ба дигар вазорату идораҳо дида, иштироки  хабарнигорон бештар буд. Ин худ гувоҳи он аст, ки намояндагони васоити ахбори омма ба рушди соҳаҳои гуногуни кишоварзӣ бетавофут нестанд. Аз рӯи масъалаи ҷамъбати семоҳа муовини вазири кишоварзӣ Сиҷовиддин Исроилов  ба иштирокдорони конфонс ҳисобот дод. Ба гуфти мувини вазир, дар давоми панҷ соли охир ҳамаи барномаҳои соҳаи кишоварзӣ, ки аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ шудаанд, аз ҷумла, барномаҳои ғаллакорӣ (озуқаворӣ), чорводорӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ амалӣ гардиданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар давоми таърихи дуҳазорсолаи худ  ба андозаи 1 млн. тонна ғалла истеҳсол намуд, соли ҷорӣ истеҳсоли он бештар мегардад, зеро илова ба заминҳои кишти ғалладона боз 15 ҳазор гектар ҷудо карда шудааст.  Дар давоми солҳои 2010 – 2015 масъалаи бо гӯшту шир ва тухми мурғи истеҳсоли ватанӣ таъмин намудани аҳолӣ пурра ҳал мегардад. Бо ин мақсад дар ноҳияи Мӯъминобод фабрикаи парвариши  мурғи гӯштӣ ба роҳ монда мешавад, ки дар як моҳ 300 тонна гӯшти аълосифат истеҳсол мекунад. Роҳи рушди соҳаи кишоварзӣ муайян карда шудааст ва дар давоми 5 соли оянда Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кишвари воридкунанда ба як давлати содироткунандаи маҳсулоти кишоварзӣ табдил меёбад. Тоҷикистони 19 – соларо наметавон бекамбудӣ дид, аммо камбудиҳои он ҷузъиянд. Бо кушодагӯиҳои ВАО – и кишвар пеши роҳи камбудиҳо гирифта хоҳад шуд, зеро ВАО чашму гӯши истеҳсолкунанда мебошад,-иброз дошт С. Исроилов Дар кори нишасти матбуотӣ президенти Академияи илмҳои  кишоварзӣ Ҳукматулло Аҳмадов иштирок намуд ва ба саволҳои сершумори хабарнигорон чавобҳои мушаххас дод. Роҳбари маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ Нарзулло Додобоев нишасти матбуотиро ҷамъбаст намуда, барои иштироки фаъолонаи хабарнигорон дар ҳаёти ҳаррӯзаи кишоварзони мамлакат изҳори миннатдорӣ намуд.

Апрель 21, 2010 12:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд