МАРДУМРО ОЯНДАИ ХУБ ДАР ПЕШ АСТ
Душанбе, 21 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар конфронси матбуотие, ки дар Вазорати кишоварзӣ оид ба ҷамъбасти семоҳаи аввали соли 2010 баргузор гардид, нисбат ба дигар вазорату идораҳо дида, иштироки хабарнигорон бештар буд. Ин худ гувоҳи он аст, ки намояндагони васоити ахбори омма ба рушди соҳаҳои гуногуни кишоварзӣ бетавофут нестанд. Аз рӯи масъалаи ҷамъбати семоҳа муовини вазири кишоварзӣ Сиҷовиддин Исроилов ба иштирокдорони конфонс ҳисобот дод. Ба гуфти мувини вазир, дар давоми панҷ соли охир ҳамаи барномаҳои соҳаи кишоварзӣ, ки аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ шудаанд, аз ҷумла, барномаҳои ғаллакорӣ (озуқаворӣ), чорводорӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ амалӣ гардиданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар давоми таърихи дуҳазорсолаи худ ба андозаи 1 млн. тонна ғалла истеҳсол намуд, соли ҷорӣ истеҳсоли он бештар мегардад, зеро илова ба заминҳои кишти ғалладона боз 15 ҳазор гектар ҷудо карда шудааст. Дар давоми солҳои 2010 – 2015 масъалаи бо гӯшту шир ва тухми мурғи истеҳсоли ватанӣ таъмин намудани аҳолӣ пурра ҳал мегардад. Бо ин мақсад дар ноҳияи Мӯъминобод фабрикаи парвариши мурғи гӯштӣ ба роҳ монда мешавад, ки дар як моҳ 300 тонна гӯшти аълосифат истеҳсол мекунад. Роҳи рушди соҳаи кишоварзӣ муайян карда шудааст ва дар давоми 5 соли оянда Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кишвари воридкунанда ба як давлати содироткунандаи маҳсулоти кишоварзӣ табдил меёбад. Тоҷикистони 19 – соларо наметавон бекамбудӣ дид, аммо камбудиҳои он ҷузъиянд. Бо кушодагӯиҳои ВАО – и кишвар пеши роҳи камбудиҳо гирифта хоҳад шуд, зеро ВАО чашму гӯши истеҳсолкунанда мебошад,-иброз дошт С. Исроилов Дар кори нишасти матбуотӣ президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ Ҳукматулло Аҳмадов иштирок намуд ва ба саволҳои сершумори хабарнигорон чавобҳои мушаххас дод. Роҳбари маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ Нарзулло Додобоев нишасти матбуотиро ҷамъбаст намуда, барои иштироки фаъолонаи хабарнигорон дар ҳаёти ҳаррӯзаи кишоварзони мамлакат изҳори миннатдорӣ намуд.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






