МАСОҲАТИ БОҒҲО ВАСЕЪ МЕШАВАНД
Турсунзода, 9 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Маъракаи ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ дар шаҳру ноҳияи Турсунзода бо муваффақият идома дорад. Тибқи иттилои сардори шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода Исломиддин Солиев ба хабарнигори АМИТ «Ховар», то имрӯз зиёда аз 112 ҳазор бех ниҳолҳои мевадор сояафкан ва ороишӣ шинонда шуд. Ҳамчунин тибқи нақшаи шӯъбаи мазкур дар тамоми ҳудуди шаҳру ноҳия аксияи тозагии маҳал идома дорад, ки кормандони шӯъба дар ташкилу санҷиши ин маъракаи муҳим ҳисаи арзанда доранд. Ҳоло дар шаҳру ноҳия 634 гектар боғ, 1730 гектар токзор, 51 гектар дарахтони субтропикӣ парвариш меёбанд. Дар нақша гирифта шудааст, ки боз дар масоҳати 950 гектар боғу токсор бунёд карда шавад.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






