МОҲИХӮРИРО МАНЪ КАРДАНД
Душанбе, 15 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои мутахассисони корхонаи воҳиди давлатии «Моҳии Тоҷикистон», аз 1 – уми апрел то 15 — уми юни соли 2010 сайди моҳӣ дар дарёҳои Сир, Кофарниҳон, Вахш ва обанбори Қайроққум манъ карда шуд. Барои назорати ин қарор аз ҳисоби кормандони умури дохила, ва экологҳо ситод таъсис дода шудааст. Дар назар аст, ки дар ин мӯҳлат, ки давраи тухммонии моҳиҳо ба ҳисоб меравад, аз тарафи кормандони Раёсати корҳои дохилии шаҳру вилоятҳо гурӯҳи фаврӣ барои пешгирии қӯруқшиканӣ таъсис дода мешавад. Боис ба ёдоварист, ки соли гузашта дар обанбори Қайроққум ва дарёи Сир беш аз 110 тонна моҳӣ сайд карда шуда буд. Дар дарёҳои Кофарниҳону Вахш бошад, сайди моҳӣ тибқи дастури Академияи илмҳои кишоварзӣ гузаронида шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






