МУҲОКИМАИ МАСЪАЛАҲОИ ХАЛЪИ СИЛОҲ
Душанбе, 1 апрел. (АМИТ «Ховар»). — Ииштирокчиёни маҷлиси комиссияи муштараки машваратии мамлакатҳои ИДМ 30 – 31 марти соли равон дар шаҳри Минск роҳҳои амалӣ сохтани созишномаро дар бораи паҳн накардани аслиҳаи ядроӣ дар доираи тайёрӣ ба конфронси соли 2010 банақшагирифташуда муҳокима намуданд. Инчунин нуктаҳои созишномаи ИҶШС ва ИМА дар бораи пурра барҳам додани ракетаҳои миёна ва кӯтоҳпарвоз мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар маҷлис намояндагони Озарбойҷон, Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок намуданд. Маҷлиси навбатии комиссия моҳҳои марту апрели соли 2011 баргузор мегардад. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки комиссияи муштараки машваратии мазкур моҳи октябри соли 1992 бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини амният ва халъи силоҳ ташкил дода шуда буд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






