МУҲОКИМАИ МАСЪАЛАҲОИ ХАЛЪИ СИЛОҲ

Апрель 1, 2010 10:04

Душанбе,  1  апрел. (АМИТ «Ховар»). —  Ииштирокчиёни  маҷлиси комиссияи  муштараки  машваратии  мамлакатҳои  ИДМ 30 – 31  марти  соли равон  дар  шаҳри  Минск роҳҳои  амалӣ  сохтани   созишномаро  дар  бораи   паҳн  накардани  аслиҳаи  ядроӣ  дар  доираи  тайёрӣ  ба  конфронси  соли  2010  банақшагирифташуда  муҳокима  намуданд. Инчунин  нуктаҳои   созишномаи  ИҶШС ва  ИМА  дар  бораи  пурра  барҳам додани  ракетаҳои  миёна   ва  кӯтоҳпарвоз  мавриди  баррасӣ қарор  гирифт. Дар  маҷлис  намояндагони  Озарбойҷон,  Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия,  Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Кумитаи  иҷроияи  ИДМ  иштирок  намуданд. Маҷлиси  навбатии комиссия  моҳҳои  марту  апрели  соли  2011  баргузор  мегардад. Мухбири  АМИТ «Ховар»  ёдовар  мешавад, ки   комиссияи  муштараки  машваратии мазкур  моҳи  октябри соли  1992  бо  мақсади  ба  роҳ  мондани  ҳамкорӣ  дар  соҳаи  таъмини  амният  ва халъи  силоҳ  ташкил  дода шуда буд.  

Апрель 1, 2010 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар