МУАРРИФИИ ДИГАРГУНИҲО ДАР НИЗОМИ АНДОЗБАНДИИ ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 5 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифии дастури «Дигаргуниҳо дар низоми андозбандии Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҳолати имрӯза ва ҳолати минбаъда» баргузор гардид, ки дар он намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва созмонҳои байналмилалии дар Тоҷикистон мустақарбуда иштирок намуданд. Ҷамъомадро муовини аввали раиси Кумитаи андоз Аюбҷон Солиев кушода, роҷеъ ба ҳадафҳои асосии гурӯҳи ҳамоҳангсоз ва дурнамои фаъолияти кумита маълумот дод. Сипас, муовини раиси Кумитаи андоз Рустам Ҷабборов дастури «Дигаргуниҳо дар низоми андозбандии Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҳолати имрӯза ва ҳолати минбаъда»-ро муаррифӣ намуда, паҳлӯҳои мухталифи он ва ҳадафҳои Кумита дар ин самт ҳозиринро шинос намуд. Қобили қайд аст, ки барномаи мазкур бо дастгирии Ҳукумати мамлакат амалӣ гардида, дар доираи ҳадафҳои асосии Кумитаи андоз – дастгирии гурӯҳи кории андозситон аз ҷониби ташкилоти мададрасон ва дигар созмонҳо, комёбиҳо ва ислоҳоти Кумитаи андоз дар соли 2009, ба фаъолият шурӯъ намудани «Равзанаи ягона», гузаштан ба системаи нави андозбандӣ, дурнамои Кумитаи андоз дар соли 2010, дастгирии техникӣ аз ҷониби ҷамъиятҳои кӯмакрасон ва оид ба нақшаҳо ва натиҷаҳои бадастоварда дар мақомоти андоз, тарҳрезӣ шудааст. Дар ҷараёни ҷамъомад миёни иштирокдорон дар бораи дигаргуниҳо дар низоми андозбандӣ, ислоҳот, ҳолати имрӯза ва ҳадафҳои минбаъда дар ин самт мубодилаи афкор сурат гирифт.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!






