МУЛОҚОТИ Ҳ. ЗАРИФӢ БО НУР БАКРӢ
Душанбе, 30 апрел. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ 29 апрел зимни бозгашт аз пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин — шаҳри Пекин дар шаҳри Урумчи бо раиси ноҳияи Мухтори Шинҷону Уйғури ин мамлакат Нур Бакрӣ мулоқот кард. Зимни мулоқот вазъи имрӯзаи ҳамкории Тоҷикистон бо Чин ва аз ҷумла бо ноҳияи Шинҷону Уйғур муҳокима карда шуд. Мусоҳибон ба масъалаи афзун гардонидани ҳаҷми хариду фурӯши мол дар байни Тоҷикистон ва ноҳияи мазкур диққати махсус доданд. Қайд карда шуд, ки ноҳияи Мухтори Шинҷону Уйғур дар равнақу ривоҷи муносибатҳои Тоҷикистону Чин нақши муҳим мебозад. Қобили қайд аст, ки гузаргоҳи сарҳадии Қулма минбаъд тамоми сол кушода аст ва тавассути он молҳои сохти Чин ба Тоҷикистон ворид карда мешаванд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ бегоҳии 29 апрел баъди анҷоми сафараш дар Чин ба ватан баргашт.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






