МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО А. ШИММЕЛПФЕННИГ

Апрель 12, 2010 15:54

12 апрели соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари миссияи Хазинаи байналмилалии асъор доир ба Тоҷикистон Аксел Шиммелпфеннигро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои робитаҳои Тоҷикистон бо ин муассисаи ҷаҳонии молиявӣ баррасӣ шуд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба масоили татбиқи барномаи ҳамкорӣ барои соли 2010 ва барномаи дарозмуддат, нишондодҳои рушди макроиқтисодии Тоҷикистон, механизми маблағгузории сохтмони нерўгоҳи Роғун ва бартарафсозии монеаҳо дар роҳи рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ зоҳир гардид. Ба гуфти Аксел Шиммелпфенниг, Тоҷикистон дар соли 2009 барои коҳиш додани таъсири бўҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ба натиҷаҳои хуб расид ва дар соли 2010 низ нишондодҳо умедворкунандаанд. «Афзоиши маҷмўи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар соли равон бояд ба 4% расад», таъкид дошт Роҳбари миссияи Хазинаи байналмилалии асъор. Гуфтугўйи судманд оид ба механизми маблағгузории сохтмони нерўгоҳи Роғун ва таъсири он ба нишондодҳои рушди макроиқтисодии кишвар сурат гирифт.  Аксел Шиммелпфенниг аз он, ки миёни Тоҷикистон ва Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба асосноккунии техникию иқтисодӣ ва омўзиши таъсири экологии нерўгоҳи Роғун санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст, изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт, ки зери назари Бонки умумиҷаҳонӣ гузаштани  лоиҳакашӣ ва бунёди ин иншооти бузург эътимоднокии онро афзун  менамояд. «Баъди омода гаштани ташхиси лоиҳаи нерўгоҳи Роғун  Бонки умумиҷаҳонӣ метавонад ба Тоҷикистон ҳамчунин дар ташкил додани консорсиуми байналмилаллӣ баҳри маблағгузории сохтмони он кўмак расонад». Дар робита ба монеъ шудани Узбекистон ба рафтуомади озоди қатораҳои Тоҷикистон Аксел Шиммелпфенниг аз ҷумла изҳор дошт: «ҳам Тоҷикистон ва ҳам Узбекистон аъзои Хазинаи байналмилалии асъор мебошанд ва яке аз шартҳои асосии узвият ба ин хазина дастгирии тиҷорати озод аст. Аз ин хотир ин масъаларо мо бо Узбекистон низ баррасӣ карда,  ба ҳалли ин мушкилӣ мусоидат  мекунем». Дар мулоқот ҳамчунин оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ гуфтугў сурат гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.        

Апрель 12, 2010 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд