МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО А. ШИММЕЛПФЕННИГ
12 апрели соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари миссияи Хазинаи байналмилалии асъор доир ба Тоҷикистон Аксел Шиммелпфеннигро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои робитаҳои Тоҷикистон бо ин муассисаи ҷаҳонии молиявӣ баррасӣ шуд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба масоили татбиқи барномаи ҳамкорӣ барои соли 2010 ва барномаи дарозмуддат, нишондодҳои рушди макроиқтисодии Тоҷикистон, механизми маблағгузории сохтмони нерўгоҳи Роғун ва бартарафсозии монеаҳо дар роҳи рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ зоҳир гардид. Ба гуфти Аксел Шиммелпфенниг, Тоҷикистон дар соли 2009 барои коҳиш додани таъсири бўҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ба натиҷаҳои хуб расид ва дар соли 2010 низ нишондодҳо умедворкунандаанд. «Афзоиши маҷмўи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар соли равон бояд ба 4% расад», таъкид дошт Роҳбари миссияи Хазинаи байналмилалии асъор. Гуфтугўйи судманд оид ба механизми маблағгузории сохтмони нерўгоҳи Роғун ва таъсири он ба нишондодҳои рушди макроиқтисодии кишвар сурат гирифт. Аксел Шиммелпфенниг аз он, ки миёни Тоҷикистон ва Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба асосноккунии техникию иқтисодӣ ва омўзиши таъсири экологии нерўгоҳи Роғун санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст, изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт, ки зери назари Бонки умумиҷаҳонӣ гузаштани лоиҳакашӣ ва бунёди ин иншооти бузург эътимоднокии онро афзун менамояд. «Баъди омода гаштани ташхиси лоиҳаи нерўгоҳи Роғун Бонки умумиҷаҳонӣ метавонад ба Тоҷикистон ҳамчунин дар ташкил додани консорсиуми байналмилаллӣ баҳри маблағгузории сохтмони он кўмак расонад». Дар робита ба монеъ шудани Узбекистон ба рафтуомади озоди қатораҳои Тоҷикистон Аксел Шиммелпфенниг аз ҷумла изҳор дошт: «ҳам Тоҷикистон ва ҳам Узбекистон аъзои Хазинаи байналмилалии асъор мебошанд ва яке аз шартҳои асосии узвият ба ин хазина дастгирии тиҷорати озод аст. Аз ин хотир ин масъаларо мо бо Узбекистон низ баррасӣ карда, ба ҳалли ин мушкилӣ мусоидат мекунем». Дар мулоқот ҳамчунин оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ гуфтугў сурат гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






