МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО М. ИСЕН
6 апрели соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Туркия Мустафо Исенро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунпаҳлўи Тоҷикистону Туркия, аз ҷумла оид ба татбиқи санадҳои зиёди қарордодӣ-ҳуқуқӣ, ки дар сатҳи сарони ду давлат ва дигар зинаҳо ба имзо расидаанд, баррасӣ шуд. Мустафо Исен аз номи Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро даъват намуд, ки барои иштирок дар Саммити сатҳи олии Машварати ҳамгироӣ ва таҳкими боварӣ дар Осиё ба Истамбул ташриф барад. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузории чунин ҳамоишро бисёр муҳим арзёбӣ намуда, аз ҷумла изҳор дошт: — «қитъаи аз ҳама бузурги ҷаҳон бояд чунин механизми ҳамоҳангсозии манфиатҳо ва тавсиаи ҳамкориҳоро дошта бошад ва муколамаи созанда оид ба амнияту субот ва рушду пешрафт талаби замон аст». Таҳким ва густариши минбаъдаи робитаҳои судбахши ду кишвар, аз ҷумла бо ҷалби бештари соҳибкорону сармоягузорони Туркия ба Тоҷикистон ва рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сиёсӣ ва илмию фaрҳангӣ матлуб дониста шуд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!






