МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО САРҲАДБОНОНИ ИДМ
22 апрели соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони хадамоти сарҳадбонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки баҳри иштирок дар ҷаласаи навбатии Шўрои фармондеҳони қўшунҳои сарҳадии ин давлатҳо ба шаҳри Душанбе омадаанд, ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот оид ба зарурати таҳким ва густариши ҳамгироии миёни хадамоти сарҳадбонӣ ва дигар мақомоти кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баҳри ҳифзи шоистаи марзҳои берунаи иттиҳод, пешгирӣ аз амалҳои террористию экстремистӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир гуфтугўи судманд сурат гирифт. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, ки сарчашмаи асосии он Афғонистон аст, натанҳо кишварҳои ҳамсояи он ва кишварҳои дорои бозори фурўши мухаддирот, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд тадбирҳои муштарак амалӣ намоянд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ҷалби хадамоти сарҳадбонӣ ва дигар сохторҳои марбутаи Афғонистонро ба мубориза бо паҳншавии чунин хатарҳо дастгирӣ намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки миёни сохторҳои дахлдори Тоҷикистону Афғонистон кайҳо боз ҳамкории судбахш ба роҳ монда шудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






