МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО САРҲАДБОНОНИ ИДМ

Апрель 22, 2010 11:12

22 апрели соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони хадамоти сарҳадбонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки баҳри иштирок дар ҷаласаи навбатии Шўрои фармондеҳони қўшунҳои сарҳадии ин давлатҳо ба шаҳри Душанбе омадаанд, ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот оид ба зарурати таҳким ва густариши ҳамгироии миёни хадамоти сарҳадбонӣ ва дигар мақомоти  кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баҳри ҳифзи шоистаи марзҳои берунаи иттиҳод, пешгирӣ аз амалҳои террористию экстремистӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир гуфтугўи судманд сурат гирифт.   Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, ки сарчашмаи асосии он Афғонистон аст, натанҳо кишварҳои ҳамсояи он ва кишварҳои дорои бозори фурўши мухаддирот, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд тадбирҳои муштарак амалӣ намоянд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ҷалби хадамоти сарҳадбонӣ ва дигар сохторҳои марбутаи Афғонистонро ба мубориза бо паҳншавии чунин хатарҳо дастгирӣ намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки миёни сохторҳои дахлдори Тоҷикистону Афғонистон кайҳо боз ҳамкории судбахш ба роҳ монда шудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Апрель 22, 2010 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд