МУЛОҚОТИ Э. РАХМОН БО ПАН ГИ МУН

Апрель 5, 2010 19:06

5 апрели соли 2010 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун, ки дар доираи сафари худ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот намуд. Дар вохўрӣ маҷмўи васеи масоили ҳамкории гуногунпаҳлўи Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва сохторҳои мухталифи он баррасӣ шуд. Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили татбиқи ҳадафҳои Рушди ҳазорсола, коҳиш додани таъсири бўҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ба Тоҷикистон ва бартарафсозии монеаҳо дар рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ зоҳир карда шуд. Дар мулоқот ҳамчунин оид ба ҷиддияти мавзўи амнияти минтақавӣ, авзои кунунии Афғонистон, таъсири он ба кишварҳои ҳамсоя, мубориза бо терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар мавзўъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугўйи судманд сурат гирифт. Натиҷаҳои сафари Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун ба Тоҷикистон пагоҳ зимни нишасти матбуотии ў ба таври муфассал  эълон мегардад.

Апрель 5, 2010 19:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд