МУЛОҚОТИ Э. РАХМОН БО ПАН ГИ МУН
5 апрели соли 2010 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун, ки дар доираи сафари худ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот намуд. Дар вохўрӣ маҷмўи васеи масоили ҳамкории гуногунпаҳлўи Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва сохторҳои мухталифи он баррасӣ шуд. Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили татбиқи ҳадафҳои Рушди ҳазорсола, коҳиш додани таъсири бўҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ба Тоҷикистон ва бартарафсозии монеаҳо дар рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ зоҳир карда шуд. Дар мулоқот ҳамчунин оид ба ҷиддияти мавзўи амнияти минтақавӣ, авзои кунунии Афғонистон, таъсири он ба кишварҳои ҳамсоя, мубориза бо терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар мавзўъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугўйи судманд сурат гирифт. Натиҷаҳои сафари Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун ба Тоҷикистон пагоҳ зимни нишасти матбуотии ў ба таври муфассал эълон мегардад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






