МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО СОКИНОНИ МАҲАЛЛӢ
Истаравшан, 28 апрел. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода 27 апрел 468 нафар шаҳрванди Истаравшанро қабул карда, бо аризаву шикоятҳои онҳо шинос гардид. Аксарияти сокинони маҳаллӣ дар бораи нарасидани манзил ва тақсими замин сухан ронданд. Аризаи бештар аз 130 нафар ба ҷудо кардани замини назди ҳавлӣ барои сохтмони манзили истиқоматӣ ва таъмини оби ошомиданӣ дахл дошт. Қисми зиёди муроҷиаткунандагон изҳор намуданд, ки мақомоти маҳаллӣ мактубу ариза ва шикоятҳои онҳоро сари вақт баррасӣ наменамоянд, инчунин дар масъалаи тақсими замин зимни ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ ба қамбудиҳо роҳ дода мешавад. Раиси вилоят Қ.Расулзода баъди анҷоми қабули сокинони маҳаллӣ дар маҷлиси фаъолони шаҳр ширкат варзид. Вай ба роҳбарияти шаҳр ва ҷамоатҳо супориш дод, ки вазифаҳояшонро дар доираи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба муроҷиати шаҳрвандон ва мувофиқи дастурҳои Президенти Ҷумҳурӣ иҷро намоянд. Ҳамчунин супориш дода шуд, ки барои сохтмони деҳкадаи Баҳористон аз ҳисоби заминҳои лалмӣ ва чарогоҳ 200 гектар замин ҷудо карда шавад. Дар мавриди зарурат барои ҳалли проблемаҳои шаҳр аз ҳисоби буҷети вилоят низ кӯмак расонида хоҳад шуд, гуфт Қ.Расулзода. Сармеъмори шаҳри Истаравшан Наим Баҳриддинов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки айни ҳол дар ноҳия бештар аз 13 ҳазор оила барои гирифтани қитъаи замин дар навбат истодааст. Агар барои сохтмони деҳқадаи Баҳористон 200 гектар замин ҷудо карда шавад, тақрибан 4000 оила бо замин ва манзил таъмин карда хоҳад шуд, гуфт вай.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






