МУЛОҚОТИ РОҲБАРОНИ ДАСТГОҲҲОИ ПАЛАТАҲОИ ПАРЛУМОНҲОИ ИДМ
Маскав, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — 22 апрел дар Шӯрои Федератсияи Русия мулоқоти роҳбарони дастгоҳҳои палатаҳои болой ва поёнии парлумонҳои давлатҳои ИДМ кушода шуд. Раиси Шӯрои Федератсия Сергей Миронов дар оғози мулоқот зикр кард, ки он дар арафаи воқеаи муҳим – ҷашни 65 – солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор мегардад. Сипас Муншии умумии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ Михаил Кротов дар бораи низоми мавҷудаи муносибатҳо ва ҳамкории котиботи Ассамблея ва дастгоҳҳои парлумонҳои мамлакатҳои ИДМ дар бобати таҳия ва қабули қонунҳо, самтҳои гуногуни равобити байнипарлумонӣ дар доираи ассамблея, аз ҷумла, фаъолияти мушоҳидон дар интихоботҳо ва ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ сухан ронд. Дар ҷараёни мулоқот роҷеъ ба масъалаи беҳтар сохтани фаъолияти парлумонҳо ва роҳҳои ҳамкории самарабахши онҳо табодули назар карда шуд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар мулоқот роҳбарону намояндагони парлумонҳои Украина, Озарбойҷон, Арманистон, Белорусия ва Қазоқистон иштирок доштанд. Бо сабаби он ки дар Тоҷикистон 23 апрел Иҷлосияи нахустини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ баргузор мегардад, дар мулоқоти мазкур намояндагони он иштирок надоранд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






